ҶАМОАТИ ИҶОРАНИШИН БЕ ДАФТАРИ КОРӢ ЧӢ КОР КУНАД?

Ноябрь 10, 2008 16:34

Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ  «Ховар»,  Лаззат Диловарзод).-  Бино ба гуфтаи котиби Ҷамоати деҳоти Тавдеми ноҳияи Роштқалъа Оишамоҳ Гадоалиева, дар ҳудуди ҷамоати мазкур 900 хоҷагӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аҳолии онҳо ба 7 ҳазору 500 нафар мерасад. Дар ҷамоати мазкур аз сабаби набудани корхонаҳо даромади буҷаи маҳаллӣ хеле ночиз аст ва он    барои таъмири чанд синфхонаи як мактаб ҳам намерасад.            Бинои ин ҷамоат соли 1932 сохта шуда бошад ҳам,  бо сабаби камбуди буҷа то имрӯз онро аз нав сохтан  муяссар нагардидааст. Мактаби рақами 1-и ҷамоати мазкур дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.             Идораи Ҷамоати деҳоти Тусиёни ҳамин ноҳия бошад, дар бинои хоҷагии деҳқонӣ ба таври иҷора ҷой гирифтааст. Пас, вақте ки худи кормандони ҷамоат дафтари корӣ надоранд, чӣ тавр метавонанд ба корҳои хоҷагӣ, тибу маорифи  дар ҳудудашон буда роҳбарӣ намоянд?            Ба қавли Оишамоҳ Гадоалиева, маблағе, ки Сарвари давлат барои ободонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷудо намудааст, раисони ҷамоатҳои деҳоти вилоятро  дилпур месозад, ки камбудиҳоро ислоҳ намоянд.

Ноябрь 10, 2008 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд