53 ҲАЗОР КӮДАК ЗАҲРОЛУД ШУД, 4 НАФАР ФАВТИД

Ноябрь 13, 2008 16:23

                 Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маҳсулоти ғизоӣ барои кӯдакон манъ карда шуд.                  Тибқи иттилои сардухтури Маркази ҷумҳуриявӣ ва назорати санитарию эпидемиологӣ Самариддин Алиев, аз рӯи ахбори Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳодисаи заҳролудшавии кӯдакон аз ҳисоби шир, маҳсулоти ширӣ ва қаннодии ширдор, ки дар таркибашон моддаи зараровари «меланин» илова гардидааст, ба қайд гирифта шудаст, ки дар натиҷаи истифодаи он 53 ҳазор кӯдак заҳролуд шуда, чор кӯдаки дигар фавтидаанд.                  Барои саривақт пешгирӣ намудани чунин ҳодисаҳо миёни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ «Дар бораи манъ намудани маҳсулоти хӯроквории Ҷумҳурии мардумии Чин, ки дар истеҳсолоти он шири чинӣ истифода бурда мешавад» қарор бароварда шудааст. Баҳри пурзӯр намудани назорат дар ин самт ва иҷрои қарор, он ба ҳамаи марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояту шаҳру ноҳияҳо равона карда шуд.                 Тибқи дархости Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор марказҳои савдои шаҳри Душанбе хариди санҷишӣ гузаронида, сифати шири дар он марказҳо фурӯхташавандаро мавриди ташхис қарор дод. Дар натиҷа 84 килограмм аз ин навъи маҳсулот, ки ба талаботи меъёрӣ ҷавобгӯ набуд, фурӯшаш манъ карда шуд. 

Ноябрь 13, 2008 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд