60-СОЛАГИИ АТО ҲАМДАМ ДАР ҲИСОР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД

Ноябрь 21, 2008 12:34

       Душанбе, 21 ноябр. (НИАТ «Ховар», Марзия Саидова).-Нависанда ва драматурги шинохтаи тоҷик Ато Ҳамдам ба синни мубораки 60 қадам монд. Ба ин муносибат ва 45 –умин солгарди фаъолияти адабии Ато Ҳамдам 22-уми ноябр дар зодгоҳи шоир — маркази ноҳия Ҳисор маҳфили бошукӯҳи илмию адабӣ гузаронида мешавад.       Созмондиҳандагони маҳфили адабӣ Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор мебошанд,- гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» худи соҳибҷашн.        Дар ҷашни адиб шахсиятҳои шинохтаи илму фарҳанги ҷумҳурӣ, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат ва Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ даъват гардидаанд.       Бояд зикр кард, ки Ато Ҳамдам яке аз адибон ва драматурги шинохтаи тоҷик буда, дар соли 1994 бо Ҷоизаи олии адабии Покистон сарфароз гардида, бо роману асарҳои эҷоднамудааш дар рушди наср ва дарматургияи тоҷик саҳми босазо гузоштааст. «Роҳи дилҳо, «Давоми роҳ», «Пеш аз борон», «Фиғон» «Шоҳроҳи абрешим» ва ғайраҳо аз зумраи асарҳои эҷоднамудаи адиб аст. Ато Ҳамдам дар баробари адиб ва драматург буданаш ҳамчун ходими давлатӣ ва Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда адои вазифа намудааст. Аз ҷумла, дар давоми солҳои 1992-1994 вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, солҳои 1995-2004 мушовири калони Президенти мамлакат. Аз соли 2004 инҷониб директории яке аз нашриётҳои бонуфузи ҷумҳурӣ- «Адиб»-ро ба ӯҳда дорад. 

Ноябрь 21, 2008 12:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд