«АГРОИНВЕСТБОНК» ТАРЗИ ПУР КАРДАНИ АСНОДИ БОНКИРО ШАРҲ МЕДИҲАД?
Душанбе. 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — ҶСК «Агроинвестбонк» барои мизоҷони худ Маркази робита боз намуд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз бонки мазкур иттилоъ доданд, аз ин баъд мизоҷони бонк ба суолҳои худ доир ба хизматрасониҳои бонкӣ, макони ҷойгиршавии шӯъбаҳои бонк, нуқтаҳои интиқоли маблағ, ҷойгиршавии банкоматҳо ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳашон метавонанд тавассути телефони 600-68-68 ҷавоб бигиранд. Кормандони бонки мазкур ба мизоҷон тарзи пур кардани асноди бонкӣ ва истифодаи онро дақиқ шарҳ хоҳанд дод. Мизоҷон ҳамчунин метавонанд оид ба низоми мавҷудаи интиқоли маблағ ва ҳама гуна намудҳои хизматрасонии бонкӣ маълумоти мушаххас гиранд. Бояд зикр намуд, ки ин навъи хизматрасонии тозаи бонк бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ва дастрасии бештари мардум ба маълумот оид ба бонк пешниҳод гардидааст.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






