АМРИКО БАРОИ РАҲОӢ АЗ БӮҲРОНИ МОЛӢ 800 МИЛЛИАРД ДОЛЛАР ҶУДО КАР

Ноябрь 27, 2008 08:13

          Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Амрико барои раҳоӣ аз бӯҳрони молӣ ба ширкатҳову бонкҳои худ 800 миллиард доллари дигар кӯмак мекунад. Бештари ин маблағи кӯмак, яъне беш аз 500 миллиард доллар барои ангезиши системи қарздиҳии бонкҳои ИМА пешбинӣ шудааст. Гуфта мешавад, ки беш аз 200 миллиарди дигар барои пешбурди бозорҳои манзил ва молиёти кишвар тахассус дода мешавад. Аз рӯи иттилои расонаҳои хабарӣ дар давоми ду моҳи охир бори дуввум аст, ки мақомоти ин мамлакат барои раҳоӣ аз бӯҳрон ба системи молии худ кӯмак мекунад. Як моҳ қабл барномаи 700-миллиард долларие барои кӯмак ба бонкҳову ширкатҳои молии ИМА роҳандозӣ шуда буд. Мақомоти ИМА итминон доранд, ки чунин барномаҳо барои наҷоти кишвар аз бӯҳрони шадиди молӣ мусоидат хоҳанд кард.

Ноябрь 27, 2008 08:13

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд