АЪЗОИ ШӮРО ЛОИҲАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ СОЛИ 2009 -РО МУҲОКИМА КАРДАНД

Ноябрь 10, 2008 16:28

          Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои соли 2009», «Оид ба ворид намудани  илова ба Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», Дар бораи  лоиҳаи Барномаи давлатии  қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2009-2011 аз масъалаҳои муҳиме буданд, ки дар ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат 10-уми ноябр баррасӣ гардиданд.               Аз рӯи масъалаҳои зикргардида, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод, буҷет, молия ва андоз Гулчеҳра Бозорова ва раиси Комиссияи назорати дастур ва ташкили кори палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Сайвалӣ Нуров ибрози назар карданд. Зикр шуд, ки лоиҳаи қонунҳои марбута ба рушди иқтисодиёти миллӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии табақаҳои гуногуни ҷомеа мусоидат менамоянд.           Дар ҷаласа ҳамчунин  тасдиқи  Протокол  оид ба ворид намудани  тағйирот ба Созишнома дар бораи озод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва додани иҷозатномаҳои махсус барои интиқоли ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, эталонҳо, воситаҳои ченкунӣ ва намунаҳои стандартӣ, ки бо мақсади тафтиш ва аттестатсияи метрологӣ интиқол дода мешаванд, аз 10 –уми феврали соли 1995 муҳокима гардид.

Ноябрь 10, 2008 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд