БА МАҲКАМАИ ТАФТИШОТИИ №2 КӮМАКИ ҲУКУМАТИ ҶТ ЛОЗИМ АСТ

Ноябрь 21, 2008 17:11

        Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Моҳи майи соли 2007 дар шаҳри Хуҷанд сохтмони варзишгоҳ барои 25000 тамошобин оғоз шуда буд. Фармоишгари иншооти мазкур Идораи сохтмони асосии вилоят аст.        Аз аввали сохтмон то 1-уми ноябри соли 2008 арзиши корҳои иҷрошуда зиёда аз 6,5 млн. сомониро ташкил медиҳад. Дар солҳои 2007 ва 2008 маблағи пешбинишуда 9 млн. сомонӣ мебошад. Аз он ҷумла, аз ҳисоби буҷети вилоят 6 миллион сомонӣ, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети иловагии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллион сомонӣ маблағ ҷудo карда шудааст.        Дар иншооти мазкур пудратчиёни асосӣ ҶСК «Хуҷандсоз» ва ҶС «Суғдсохтмон» мебошанд. Ҳоло дар иншоот корҳо барои насбсозии нишастгоҳҳои шарқӣ 100 %, шимолӣ — 90 %, таҳкурсии нишастгоҳҳои ғарбӣ -100 % ва рехтани шоҳсутунҳо — 40 % амалӣ шудаанд.        Инчунин, барои тезонидани кор дар иншооти гирду атрофи варзишгоҳ, ташкилотҳои пудратии ҶC «Суғдсохтмон» ҷалб карда шудаанд. Ҳоло ташкилотҳои пудратӣ барои оғози корҳои сохтмону васлкунии корти теннисӣ, pоҳ ва ободонии гирду атрофи маҷмааи варзишӣ омодагӣ дида истодаанд.        Дар ҳамин ҳол, масъалаи кӯчонидани бинои Маҳкамаи тафтишотии (СИЗО) №2-и Шӯъбаи корҳои ислоҳотии Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст, ки дар ҳалли он кӯмаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ зарур аст. 

Ноябрь 21, 2008 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд