БАРАНДАГОНИ ҶОИЗАИ СММ ДАР СОҲАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН МУАЙЯН ШУДАНД
Вашингтон, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар» — Нюс Ру Ком). – Созмони Милали Муттаҳид номи 7 нафар барандаи ҷоизаро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон дар соли 2008 эълон намуд. Онҳо комиссари собиқи олии СММ дар масъалаи ҳуқуқи инсон Луиз Арбур, вакили дифои Президенти собиқи ба қатл расонидашудаи Ироқ Садом Ҳусейн Рамсей Кларк ва сарвазири собиқи Покистон, раиси ҳизби халқии ин мамлакат Беназир Бҳутто мебошанд. Ҷоизаи СММ ба Б.Бҳутто баъди маргаш сазовор дониста шуд. Инчунин рӯҳонизани амрикоӣ Дорота Станг низ баъди маргаш ба ин ҷоиза сазовор гардид. Ӯ моҳи феврали соли 2005 дар Бразилия кушта шуда буд. Фаъолияти Д.Станг дар масъалаи ҳифзи ҷангалзори тропикӣ сабаби норозигии заминдорон ва дарахтбуррони маҳаллӣ гардид. Ҷоизаи СММ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон инчунин насиби ҳомии ҳуқуқ аз Ямайка Каролин Гомес, директори шифохонаи ҳарбии шаҳри Букаваи Ҷумҳурии Конго Денис Муквага ва Созмони ғайриҳукуматии «Ҳифзи ҳуқуқи инсон» гардид. Барандагони ҷоизаи СММ аз байни 189 номзад интихоб карда шуданд. Ҷоизаи СММ 10 декабри соли равон дар ҷамъомади бахшида ба 60 – солагии қабули Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи башар супорида мешавад. Ҷоизаи мазкур соли 1966 таъсис дода, ҳар панҷ сол як маротиба ба одамон ва созмонҳое, ки дар бобати ҳифзи ҳуқуқи инсон саҳми бузург гузоштаанд, дода мешавад. Ҳамсари Президенти собиқи ИМА Элеонора Рузвелт, пешвои сиёҳпӯстони амрикоӣ, Роҳбари ҷунбиши ҳифзи ҳуқуқи сиёҳпӯстон Мартин Лютер Кинг, Кумитаи байналхалқии Салиби Сурх, муборизи фаъоли зидди поймол кардани ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Нелсон Мандела, Президенти собиқи ИМА Ҷимми Картер ва дигарон аз ҷумлаи барандагони ҷоизаи СММ дар солҳои гуногун мебошанд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






