БАРОИ БОҒДОРОНИ БАДАХШОН ҲОЛО ҲАМ ФОИДАИ НОЧИЗ МЕМОНАД

Ноябрь 29, 2008 12:39

                Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бадахшон макони беҳтарини парвариши зардолу ва чормағз аст. Дар ин ноҳияҳо қариб 40 навъи зардору парвариш меёбад, ки беҳтарин навъи онҳо сафедак, дарагӣ, равшаналӣ, мамаднурӣ, гулаи балх, маъмурӣ ва исфарагӣ мебошанд. Дар таркиби меваи зардолуи Бадахшон қанд ва оҳан нисбати зардолуи манотиқи дигар зиёд аст.                Солҳои охир майдони боғҳои зардолу хеле зиёд гардид, вале барои вилоят ва боғдорон то ҳоло ҳам фоидаи ночиз мемонад. Зеро ҳосили ин боғҳо коркард нашуда, дар бозорҳои маҳаллӣ танҳо як қисмати ками он дар мавсими пухтани мева ба фурӯш бароварда мешавад. Қисми зиёди ҳосил бо сабаби истифода накардани технологияи хушккунии он дар дохили боғҳо мепӯсад, ё дар рӯи сангу бом аз ҳарорати офтоб сӯхта, сифаташро пурра аз даст медиҳад.              Бисёр хуб мешуд, агар нисбати ин масъала Ҳукумати ҷумҳурӣ чораҳои зарурӣ меандешиду дар худи вилоят корхонаи коркарди ин намуди меваҳо ба роҳ монда мешуд.

Ноябрь 29, 2008 12:39

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд