БАРОИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ ХАВФНОК

Ноябрь 24, 2008 15:19

       Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Бо ташаббуси Кумитаи миллии ҳамоҳангсози тадбирҳои пешгирии бемориҳои СПИД, сил ва табларза имрӯз дар саросари Тоҷикистон таҳти шиори «Бемориҳои ВИЧ ва СПИД — ро танҳо якҷоя барҳам додан мумкин аст» маъракаи мубориза ба муқобили ин бемориҳои марговар шурӯъ шуд. Тадбирҳои маърака дар ҳамаи шаҳру ноҳия ва вилоятҳои мамлакат баргузор гардида, баъдан дар пойтахт ҷамъбаст карда мешаванд.      Чунин маъракаи доманадор барои пешгирии бемориҳои хавфнок дар Тоҷикистон бори аввал гузаронида мешавад. Пеш аз ин дар ин мавзӯъ танҳо сӯҳбату консертҳо ташкил карда ва филмҳо намоиш дода мешуданд.        Иштирокчиёни маърака ва ёрдамчиёни ихтиёрии онҳо дар кӯчаҳо ба одамон варақаю маълумотномаҳо тақсим мекунанд, дар мактабҳо нақли хаттӣ ва иншоҳо навишта мешаванд, ходимони дин дар масҷидҳо барои пешгирии бемориҳо маслиҳат медиҳанд. Умуман, бо ин роҳ тарзи ҳаёти солим ташвиқу тарғиб карда мешавад.

Ноябрь 24, 2008 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд