БАРОИ САРТРЕНЕРҲО КУРСИ 12-РӮЗА ТАШКИЛ КАРДА МЕШАВАД

Ноябрь 15, 2008 12:24

             Хоруғ, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додоев).- Бо соҳиб шудан ба истиқлолияти комил, Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон пайдо намуд, ки дар самти равнақ бахшидани соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ дар ҳамкорӣ бо давлатҳои дигари ҳамсоя ба дастовардҳои назаррас ноил шавад.             Тавре аз Раёсати маорифи ВМКБ иттилоъ доданд, Донишкадаи такмили маълумоти касбии вилоят тасмим гирифтааст, ки дар асоси Созишнома оид ба «Ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат, тандурустӣ ва маориф байни Ҳукумати Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Вилояти Бадахшони Давлати Исломии Афғонистон» аз 13 то 16-уми ноябри соли 2008 дар шаҳри Хоруғ семинар гузаронад. Инчунин, аз 18 то 29-уми ноябри соли ҷорӣ дар асоси лоиҳаи «Пешбурди кори лабораторияи кимиёвӣ-биологӣ» барои сартренерони маҳаллаҳои Ишкошим, Вахон ва Зебоки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон курси 12-рӯза ташкил карда мешавад.             Семинарро беҳтарин коршиносони Донишкадаи такмили маълумоти касбии вилоят ва шоистатарин омӯзгорони макотиби миёна мегузаронанд.  

Ноябрь 15, 2008 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд