БАРРАСИИ ПАРВАНДАИ Ҳ. ИСРОИЛОВ ДАР СУДИ КОНСТИТУТСИОНӢ

Ноябрь 11, 2008 16:52

Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- 11-уми ноябр Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаро аз рӯи дархости шаҳрванд Ҳисомуддин Исроилов мавриди баррасӣ  қарор дод.  Номбурда дар бораи муайян намудани мутобиқати банди 17-и моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми марти соли 2008 «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракати роҳ», банди 1-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тайғиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1-уми апрели соли 2008, қисми 3-и моддаи 10, қисми 2-и моддаи 14 ва қисми 2 моддаи 32-и Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост супорида буд.Дар баррасии парвандаи мазкур судяҳои Суди Конститутсионӣ,  намояндагони ваколатдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Миллии ҷумҳурӣ,  Прокуратураи генералӣ, ВКД-и кишвар иштирок намуданд, ки натиҷаҳои он пагоҳ маълум хоҳад шуд.

Ноябрь 11, 2008 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд