БИНОИ АСОСИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББӢ ПАГОҲ БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАД

Ноябрь 24, 2008 16:46

       Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Маросими ба истифода додани бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯали ибни Сино пагоҳ 25 ноябр баргузор мегардад. Дар он кормандони муассисаҳои тиббии тамоми шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои мамлакат, инчунин донишҷӯён ширкат меварзанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Ҳукумати мамлакат барои барқарор сохтани бинои донишгоҳ бештар аз 14 миллион сомонӣ ҷудо намуд.      Бинои донишгоҳро, ки соли гузашта дар натиҷаи сӯхтори шадид нобуд гардида буд, коргарону мутахассисони ташкилотҳои бинокории «Авторем», «Асос» ва «Сомон- сохтмон» барқарор намуданд. Инчунин донишҷӯёни донишгоҳ дар барқарор сохтани бино саҳми калон гузоштанд. Ёдовар мешавем, ки 26 декабри соли гузашта дар натиҷаи сӯхтор масоҳати бештар аз 9 ҳазор метри мураббаъ бинои донишгоҳ нобуд гардида буд.       Донишҷӯён асарҳои олимон, ганҷинаи китобхона ва бойгонии донишгоҳро аз сӯхтор наҷот доданд. Бинои донишгоҳ соли 1939 сохта шудааст ва яке аз иморатҳои кӯҳнатарини пойтахт ба шумор меравад.

Ноябрь 24, 2008 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд