БО ДАСТУРИ ПРЕЗИДЕНТ БИНОИ МАЪМУРИИ ХАРОБГАШТА АЗ НАВ СОХТА ШУД

Ноябрь 24, 2008 16:09

     Рашт. 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мирзосафар Ризвонов).- Бар асари заминларзаи моҳи июни соли 2007 дар ноҳияи Рашт дар қатори даҳҳо хонаҳои истиқоматӣ бинои маъмурии Н.Махсум низ хароб гардида буд.     Бо дастури Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони нави бинои ҷамоат 487 ҳазору 300 сомонӣ ҷудо гардид ва бино дар мӯҳлати кӯтоҳ аз тарафи ҶСП- 5, ки роҳбарияшро Саидэҳсон Саидисҳоқович ба ӯҳда дорад, сохта, бо ҳамаи таҷҳизоташ ба истифода дода шуд.      Дар рӯзи кушодашавии бино раиси ноҳияи Рашт М. Толибов ва дигар фаъолони ноҳия баромад намуда, миннатдории худро ба роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбати ғамхориҳои пайвастаашон дар бартараф намудани оқибатҳои табиӣ баён намуданд.

Ноябрь 24, 2008 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест