БО ИҶОЗАТИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ҲОКИМИЯТИ МАҲАЛЛӢ БИНО СОХТАНД

Ноябрь 27, 2008 09:32

        Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Нақшаи генералии маркази ноҳияи Дарвоз соли 1975 аз тарафи Пажӯҳишгоҳи лоиҳасозии «Гипрострой» дар масоҳати 12 га таҳия шудааст.        Афзуншавии аҳолӣ ва рушди шаҳрсозиро ба инобат гирифта, соли 1985 ҳамин пажӯҳишгоҳ дар мавзеи Дашти Лучи ноҳия нақшаи генералиро дар масоҳати 80 га таҳия карда буд. Вале соли 1992 сохтмони он қатъ гардид.          Имрӯзҳо қад-қади шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ аз ҷониби шаҳрвандон бе лоиҳа, вале бо иҷозати ғайриқонунии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дӯкону мағозаҳои хусусӣ сохта шудааст.           Бояд зикр намуд, ки дар Дашти Луч бе хулосаи ташхиси лоиҳа сохтмони канал идома дорад. Сохтмони Қасри фарҳанги ноҳия бе хулосаи мусбати давлатии лоиҳа ва бе иҷозатномаи назорати сохтмонӣ оғоз карда шудааст. Сохтмони Маркази саломатӣ дар деҳаи Ширги ноҳия низ бе ташхиси лоиҳа, бе таҳкурсии мувофиқ ба меъёрҳои сохтмонӣ оғоз гардидааст.  

Ноябрь 27, 2008 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа