БОДИ БӮҲРОНИ ИҚТИСОДӢ СӮИ ТОҶИКИСТОН МЕВАЗАД

Ноябрь 14, 2008 11:57

               Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо сабаби шиддат гирифтани бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ва кам шудани талабот ба қувваи корӣ, теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ нисбат ба соли 2007 коҳиш ёфт.               Аз рӯи бозгашти садҳо нафар шаҳрванди Тоҷикистон аз Федератсияи Русия ва дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маълум мегардад, ки дар ин кишварҳо ҳам эҳтиёҷ ба қувваи корӣ кам шуда, сафи муҳоҷирони меҳнатии бекор зиёд мегардад.               Лозим ба ёдоварист, ки танҳо соли 2007 тавассути бонкҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 1,5 миллиард доллари амрикоӣ интиқол дода шудааст.               Дар се моҳи охир тавассути бонкҳо ба ҷумҳурӣ нисбат ба моҳҳои август- октябри соли 2007 50 млн. доллар кам маблағ ворид шудааст. 

Ноябрь 14, 2008 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд