БОРИ АВВАЛ РӮЗИ ТУРИЗМ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев).- Имсол дар мамлакатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ 28 ноябр бори аввал Рӯзи туризм таҷлил карда мешавад. Созмони мазкур айни ҳол Афғонистон, Эрон, Покистон, Туркия, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистонро муттаҳид менамояд. Қарори таҷлили Рӯзи туризм ба наздикӣ дар маҷлиси вазирони туризм ва муассисаҳои сафару сайёҳати мамлакатҳои аъзои созмон қабул гардид, ки дар Эрон баргузор гардид. Дар ин маҷлис аз Тоҷикистон раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иштирок дошт. Дар ҷараёни таҷлили Рӯзи туризм ҳар сол дар яке аз мамлакатҳои аъзои созмон ҷашнвораи туризм гузаронида мешавад. Ин ҷашнвора имсол дар Эрон баргузор мегардад. Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон 28 — уми ноябр бахшида ба Рӯзи туризм дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар ташкил хоҳад кард.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






