БОЗ ЯК «ШАҲРВАНДИ ИФТИХОРИИ ДУШАНБЕ»
Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатиповро бинобар анҷом ёфтани мӯҳлати ваколати дипломатиаш ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев ба саҳми босазои Рамазон Абдулатипов ҳамчун сафир дар рушду таҳкими муносибатҳои ҳасанаи Тоҷикистону Россия, пеш аз ҳама тақвияти робитаҳои байнипарлумонии ҳар ду кишвар баҳои баланд дод. М. Убайдуллоев зикр намуд, ки нақши Р. Абдулатипов ҳамчун дипломати варзида ва ходими намоёни сиёсию давлатии кишвари дӯст дар густариши робитаҳои минбаъда муассир хоҳад монд. Дар фарҷоми мулоқоти самимӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ба фаъолияти минбаъдаи Р. Абдулатипов пирӯзиҳо хоста, ӯро барои саҳми арзандааш дар рушди муносибатҳои дӯстона, густариши ҳамкориҳо дар бахши иқтисоду савдо, илму техника ва фарҳанг миёни пойтахтҳои кишварҳо- Душанбе ва Москва дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе аз 11 -уми ноябри соли 2008 бо унвони «Шаҳрванди ифтихории шаҳри Душанбе» сарфароз гардонид.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






