БУНЁДИ МАДАД БА МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН МАДАД МЕРАСОНАД
Душанбе, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова) — Аз 17 то 23-юми ноябр дар пойтахти шаҳри Қирғизистон — Бишкек давраи тирамоҳии «Мактаби худидоракунии маҳаллӣ» барои донишҷӯён ва мутахассисони ҷавони Тоҷикистону Қирғизистон оғоз мегардад. Чорабинии мазкур бо дастгирии Институти ҷомеаи кушода- Бунёди мадади Тоҷикистон, дар якҷоягӣ бо «Маркази технологияҳои ҷамъиятӣ» доир гардида, марҳилаи навбатии татбиқи лоиҳаи «Мактаби тадқиқоти шаҳрдорӣ ва технологияҳо» ба ҳисоб меравад. Татбиқи лоиҳа моҳи январи соли ҷорӣ оғоз гардида, дар доираи озмун 12 донишҷӯ ва мутахассиси ҷавон аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ оид ба ҷанбаҳои мухталифи худидоракунии маҳаллӣ пажӯҳишҳои таҳлилӣ анҷом доданд. Мақсади лоиҳа — эҷоди замина барои такмили сифати омодагии технологии мутахассисон дар риштаи менеҷмент барои мақомоти идора ва худидоракунии маҳаллӣ ва анҷоми корҳои таҳлилӣ мебошад.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






