ДАР «АГРОИНВЕСТБОНК» МАРКАЗИ МАЪЛУМОТ КУШОДА ШУД
Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар Ҷамъияти саҳомии «Агроинвестбонк» аз моҳи ноябр сар карда, маркази маълумот ба фаъолият шурӯъ намуд. Мизоҷон ба воситаи он ба ҳамаи саволҳояшон роҷеъ ба фаъолияти «Агроинвестбонк» ва бонкҳои дигари мамлакат маълумоти зарурӣ гирифта метавонанд. Кормандони Марказ мизоҷонро дар муддати кӯтоҳ бо мутахассисони соҳавӣ мепайванданд. Онҳо ба мизоҷон сари вақт маълумоти зарурӣ ва муфассал медиҳанд. Дар ин ҷо ба забонҳои тоҷикию русӣ маълумот дода мешавад. Ҳадафи кушодани маркази маълумот вусъат додани ҳаҷми хизматрасонӣ, дастраси ҳамагон гардонидани маълумот дар бораи фаъолияти бонк ва зиёд намудани теъдоди мизоҷони он мебошад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






