ДАР БАДАХШОН ИНШООТРО АЗ РӮИ ВАРАҚ МЕСОЗАНД

Ноябрь 24, 2008 12:32

      Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъморӣ барои амалӣ намудани банди 5-и нақшаи чорабиниҳои Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.08.2008 с№53/оп дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ як қатор корҳоро ба сомон расонид.      Санҷиши сифати корҳои иҷрошуда дар иншоотҳои сохташаванда ва рафти корҳои ободонӣ дар маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳо нишон дод, ки дар 9 моҳи соли 2008 дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ВМКБ сохтмони 93 адад иншооти хурду калон идома дорад. Аз он ҷумла, дар шаҳри Хоруғ 13 адад, ноҳияи Шуғнон-16 адад, Рӯшон-10 адад, Ванҷ-15 адад, Дарвоз -7 адад, Ишкошим -13 адад, Роштқалъа-15 адад ва ноҳияи Мурғоб-4 адад.      Аз шумораи умумии иншооти сохташаванда 69 адади онҳо дорои лоиҳаи пурра буда, 24 ададашон аз рӯи варақ сохта мешаванд. 43 адади иншоот аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ ба маблағи 18 миллиону 340 ҳазор сомонӣ, 19 ададашон аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ба маблағи 1 миллиону 271 ҳазор сомонӣ, 13 адад аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи 2 миллиону 51 ҳазор сомонӣ ва 18 адади дигар аз ҳисоби маблағҳои хориҷӣ ба миқдори 987 ҳазор сомонӣ сохта шуда истодаанд.    Ҳангоми санҷиш сифати корҳои сохтмонӣ дар иншоот, риояи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ дар асоси нақшаҳои генералии маркази шаҳру ноҳияҳои вилоят ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ» дар маҳалҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  

Ноябрь 24, 2008 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд