ДАР БАХШИ БАРНОМАҲОИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ ҶОЙҲОИ 1 ВА 2 БА КАСЕ ДОДА НАШУД

Ноябрь 15, 2008 10:53

               Душанбе, 15 ноябр (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 14-уми ноябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон маъракаи ҷамъбаст ва қадрдонии ғолибони озмуни ҷумҳуриявии рўзноманигорон — «Зиндагӣ бидуни маводи нашъадор» доир гардид.               Тавре аз маркази матбуоти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар бахши матбуоти чопӣ ҷойи аввалро Ҷумъабой Толибов гирифт, ки аз ҷониби ҳафтаномаи «Тоҷикистон» пешбарӣ шуда буд.   Ҷойи дуюмро Ҳотами Ҳомид (ҳафтаномаи «Наҷот»), ҷойи сеюмро ду нафар — хабарнигори ҳафтаномаи «Вечерний Душанбе» Мукаммал Раҷабӣ ва мухбири маҷаллаи «Молодёж и ВИЧ/СПИД» Аслибегим Манзаршоева ишғол карданд.              Дар бахши барномаҳои телевизионӣ бинобар пешкаш нагардидани маводи шоиста, ҷойҳои 1 ва 2 ба ҳеҷ кас дода нашуд. Ҷойи сеюм насиби муҳаррири телевизиони «Шабакаи аввал» Назокат Неъматова гардид.             Дар бахши барномаҳои радиоӣ мақоми аввалро Саидҷаъфар Ашўров (радиои «Тоҷикистон»), мақоми дуюмро Азиза Носирова аз радиои «Ватан», ҷойи сеюмро Сафармо Буттабекова (радиои «Бадахшон») ва Анвар Ҳафизов (радиои «Хатлон») ишғол карданд. Ҳамчунин, Зинатулло Исмоилов (ТВ «Симои мустақили Тоҷикистон»), Тилав Расулзода (ҳафтаномаи «Нигоҳ»), Шодмон Карим (ҳафтаномаи «Озодагон») ва Кароматулло Аҳмадов (ҳафтаномаи «Тоҷикистон») бо мукофотҳои ҳавасмандгардонӣ қадр карда шуданд.             Лозим ба ёдоварист, ки озмуни мазкур бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Итифоқи журналистони Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи Созмони ҳамкории Аврупо ва Барномаи рушди СММ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ оид ба зарари истеъмоли маводи нашъадор ва пешгирии интиқоли он аз тарафи ҷавонон эълон гардида буд.  

Ноябрь 15, 2008 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид