ДАР БАЛҶУВОН ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИРО АЗ МАРДУМ МЕХАРАНД

Ноябрь 24, 2008 10:25

        Балҷувон, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Минтақаи туризми байналхалқӣ эълон гардидани ноҳияи Балҷувон ба вусъат ёфтани корҳои таъмиру барқарорсозӣ замина гузошт. Дар маркази ноҳия сохтмони муассисаҳои маорифу фарҳанг, меҳмонхонаю ошхона ва биноҳои маъмурӣ босуръат идома дорад.      Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои обод намудани мавзеъҳои таърихӣ ва муассисаҳои фарҳангӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда истодааст. Осорхонаи ноҳиявӣ бо маблағгузории ҳокимияти маҳаллӣ аз нав таъмир гардида, барои дастрас намудани ёдгориҳои таърихӣ аз сокинон ва дигар осорхонаҳои кишвар маблағи муайян ҷудо карда шудааст. Айни замон бо маслиҳати мутахассисон дар осорхона ёдгориҳои таърихӣ аз рӯи пайдоишашон ҷо ба ҷо гузошта шудаанд, ки аз таърихи бою рангини ин мавзеъ дарак медиҳанд.       Хонаи фарҳанги ноҳия низ аз таъмир баромада, дар он як қатор барномаҳои фарҳангӣ гузаронида шуд. Бо муҳайё гардидани шароити мусоид, театрҳои ҷумҳурӣ бо барнома ва намоишномаҳои хеш ба ноҳияи Балҷувон сафар карда истодаанд.

Ноябрь 24, 2008 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд