ДАР ФАЪОЛИЯТИ ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИКИСТОН ТАҒЙИРОТ ВОРИД КАРДА ШУД

Ноябрь 19, 2008 14:34

Душанбе, 19 ноябр (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар хусуси соли оянда ҷашн гирифтани 50-солагии таъсисёбии иттифоқи эҷодии рўзноманигорон қарор қабул кард.  Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон хабар доданд, ин масъала дар Ҷаласаи навбатии Раёсати Иттифоқи журналистони Тоикистон, ки рўзи 17-уми ноябр баргузор гардид, баррасӣ шуд.Дар Ҷаласа барномаи чорабиниҳои ҷашнӣ муҳокима ва тасдиқ гашт. Ҳамзамон ба Низомномаи озмуни журналистон барои дарёфти Ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ барои соли 2009 тағйирот ворид карда шуд. Бо назардошти хоҳиши роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар афзудани шумораи шабакаҳои радио ва телевизион, иштирокчиён ба хулосае омаданд, ки барои ин ду бахш ҷоизаҳои алоҳида муқаррар гардад. Теъдоди умумии ҷоизаҳо ба чорто расонида шавад. Инчунин, тасмим гирифта шуд, ки ба муносибати санаи таърихӣ феҳристи лауреатҳои ҷоизаи Лоҳутӣ мураттаб гардад.  Яке аз тадбирҳои дигар таҳия намудани китоби таърихи 50 — солаи иттифоқ мебошад, ки бояд саҳифаҳои муҳими фаъолияти созмон, симоҳои шинохтаи рўзноманигорӣ, ҷараёни таҳаввулоти иттифоқро дар тўли мавҷудияти нимасрааш фаро гирад. Дар ин робита, ташкил кардану гузаронидани силсилаи озмунҳо барои рўзноманигорон дар доираи панҷоҳ номинатсия дар назар аст, ки номгўи мавзўъҳояшон оянда дар матбуот чоп мешавад. Ба ифтихори солгард инчунин доир намудани нишасту ҳамоишҳои гуногуни журналистӣ, семинари илмӣ, силсилаи вохўриҳои эҷодӣ бо собиқадорон ва рўзноманигорони варзидаи ҷумҳурӣ таҳти унвони «Журналист: дирўз, имрўз, фардо» ба нақша гирифта шудааст.   

Ноябрь 19, 2008 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад