ДАР НОҲИЯИ ВАХШ БЕМОРИИ ДОМАНА ПАҲН МЕШАВАД
Қӯрғонтеппа, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Дар ноҳияи Вахш теъдоди зиёди одамоне ба қайд гирифта шудаанд, ки ба бемории домана гирифторанд. Сардухтури ноҳия Ҳамроқул Одинаев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки чунин беморон ҳанӯз охири моҳи октябр дар ҷамоатҳои Роҳи Ленин ва Тоҷикобод ба қайд гирифта шудаанд. Вай зикр намуд, ки айни ҳол ҳамаи беморон дар шифохонаҳо табобат карда мешаванд ва вазъи саломатии онҳо хуб аст. Х.Одинаев афзуд, ки умуман дар ноҳия 60 нафар бемори домана ба қайд гирифта шудааст. Имрӯзҳо мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар байни аҳолӣ дар мавзӯъҳои риоя кардани гигиенаи шахсӣ, тозагӣ, истеъмоли оби тоза ва ғайра сӯҳбату мулоқотҳо баргузор месозанд. Ба ақидаи мутахассисон, манбаи асосии паҳн гардидани беморӣ оби олуда мебошад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






