ДАР ТОҶИКИСТОН ДАСТАИ МУНТАХАБИ ЗАНОН ОИД БА ФУТБОЛ СОЗМОН ДОДА ШУД
Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дастаи мунтахаби футболи занонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалӣ оид ба футбол барои ба даст овардани Ҷоми «Надежда», ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон доир мегардад, ширкат хоҳад кард. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бо мақсади тарғиби футбол байни занҳо, муайян намудани дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумита ва дигар сохторҳои марбута корҳои пурсамарро ба анҷом расониданд. Дастаи мунтахаби мазкур дар оянда ҷумҳурии моро дар мусобиқоти байналмилалӣ муаррифӣ хоҳад кард.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






