ДЕГХОНАИ «ҒАРБӢ» МУШКИЛОТИ БИНОҲОИ БАЛАНДОШЁНАРО ҲАЛ ХОҲАД КАРД
Душанбе, 19 ноябр. АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Алҳол Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе бинобар норасоӣ ва камбуди гази табиӣ ҳамагӣ ба миқдори 50 фоизи нақшаи пешбинишуда гармӣ истеҳсол мекунад, — зикр шуд дар ҷаласаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе. Ин ҳолати мавҷуда дастрасии нақшавии иншоот ва биноҳои бо оби гарм таъминшавандаи пойтахтро коҳиш медиҳад. Корҳои таҷдидии дегхонаи «Ғарбӣ»-и Марказ ҷиҳати гузаронидани фаъолияти он ба сӯзишвории моеъи сунъии композитии ангиштӣ шурӯъ гардида, истифодаи ҳарчи бештари он мушкилоти биноҳои баландошёнаи ноҳияи Синоро ҳал хоҳад кард.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






