«ДИДОР»-И АТО ҲАМДАМРО ДАР МАСКАВ ДИДАНДУ МО НАВ МЕБИНЕМ
Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). –26- уми ноябр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 60-умин солгарди зодрӯзи нависанда ва драматурги шинохта, барандаи Ҷоизаи олии адабии Покистон Ато Ҳамдам маҳфили адабӣ баргузор мегардад. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Иттифоқи нависандагон хабар доданд, 60- солагии Ато Ҳамдам ба 45-солагии фаъолияти эҷодиаш рост омад ва ҷашн гирифтани ин ду санаро нависанда дар иҳотаи аҳли илму фарҳанги ҷумҳурӣ, ёру дӯстон ва хешу пайвандонаш ба нақша гирифтааст. Ҳамчунин, дар маҳфил китоби нави ӯ таҳти унвони «Дидор» муаррифӣ карда мешавад. Бояд зикр намуд, ки китоби мазкур аллакай дар озмуни байналхалқии «Ҳусни китоб», ки ба наздикӣ дар шаҳри Маскав доир гардида буд, ҷои 3-юмро ишғол карда, ҳаводорони худро пайдо намудааст.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






