ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ҚАТАР РАФТ
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрўз 28 ноябри соли 2008 баъд аз зуҳр пас аз анҷоми сафари пурмаҳсули дўстонааш ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, барои иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии масъалаҳои вобаста ба бўҳрони молиявӣ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба маблағгузории рушд ба Давлати Қатар сафар кард. Ҳадафи конфронси маблақгузории рушд мусоидат ба татбиқи аҳдномаи Монтеррей аст, ки дар қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дарҷ ёфтаанд. Дар Қатар ҳамчунин мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун, Амири Давлати Қатар шайх Ҳамод ибни Халифа Оли Сонӣ, Сарвазир ва вазири корҳои хориҷии он шайх Ҳамод ибни Ҷосим Оли Сонӣ, вазири молия, иқтисод ва савдои ин кишвар Юсуф Ҳусайн Камол, ҳамчунин бо роҳбарони давлатҳои дигар ва шахсиятҳои намоёну воломақом пешбинӣ карда мешавад.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






