ЭРОН ДАР ТОҶИКИСТОН БО РУСИЯВУ ЧИН РАҚОБАТ МЕКУНАД
Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Ҷумҳурии Исломии Эрон омода аст дар Тоҷикистон корхонаи муштараки тавлиди комбайн таъсис диҳад, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси Ширкати "Агротех Хуросон"-и Эрон Ҳамид Ризо Султонӣ. Тибқи гуфтаи ӯ, имрӯз, ки кишоварзони тоҷик аз комбайнҳои Ширкати Русия ва Чин истифода мебаранд, ширкати Эрон низ омода аст дар ин бозор вориди рақобат шавад. Ҳамид Ризо Султонӣ зикр намуд, ки мошинҳои кишоварзии ширкати Эронӣ маводи сӯзишвориро кам истеъмол мекунанд ва нархашон низ арзон аст. Бинобар ин, тоҷирону кишоварзони тоҷик метавонанд тавассути ҳамкории "Агроинвестбонк"-и Тоҷикистон бо бонкҳои Эрон барои харидории Комбайни модели "Ҷондиер"-и ин кишвар бо фоизи паст қарз гиранд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






