ЭРОНУ ТОҶИКИСТОН НАМОИШГОҲИ «АГРОФУД — 2008» БАРГУЗОР МЕКУНАНД
Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Аз 8 то 12 — уми ноябри соли равон дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоишгоҳи байналмилалии «Агрофуд — 2008» баргузор мегардад. Намоишгоҳи мазкур бо дастгирии ширкати намоишӣ-рекламавии «Гроу — интернейшнл» — и Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад. Дар намоишгоҳи мазкур мошинҳо ва таҷҳизоти кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ, пеститсидҳои кишоварзӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, таҷҳизот ва системаҳои бастабандӣ пешкаш карда мешаванд. Соҳибкорони тоҷик метавонанд бо соҳибкорони эронӣ барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ намоянд. Инчунин, дар намоишгоҳи мазкур ширкатҳои Эрон, Русия ва Туркия молу маҳсулоти хешро пешкаш менамоянд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






