«ФОЛК-ФАЛАК» БО ТАШАББУСИ МАРКАЗИ ФАРҲАНГИИ «БАКТРИЯ»
Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Бо ташаббуси Маркази фарҳангии «Бактрия» ва Намояндагии Комиссияи Аврупоӣ дар Тоҷикистон аз 24 то 28-уми ноябр дар пойтахт Ҳафтаи Аврупо доир мегардад. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази мазкур хабар доданд, нахустин чорабинӣ бо ифтитоҳи барномаи консертии «Фолк-Фалак» оғоз меёбад. Ҳамчунин, дар доираи Ҳафтаи Аврупо 26- уми ноябр дар мавзӯи «Стратегияи давлатҳои Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва бартарии он дар Тоҷикистон» конфронс доир мегардад. 27-уми ноябр намоишгоҳ таҳти унвони «Нусхаи асл» баргузор мешавад, ки дар он донишҷӯёни макотиби рассомӣ ва рассомон ширкат меварзанд. Ҳамзамон, филмҳои коргардонҳои аврупоӣ- «Тобистон дар айвон», «Дар бораи модарам», «Париж, ман туро дӯст медорам» намоиш дода мешаванд. Бояд зикр намуд, ки ҳамаи чорабиниҳо дар Театри давлатии ба номи В. Маяковский гузаронида мешаванд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






