«ГУЛИ АРҒУВОНӢ» ВА «ПИСАРИ ХОИН» ДАР ТЕАТРИ АҲОРУН

Ноябрь 21, 2008 14:49

       Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрӯз дар ҳамаи театрҳои ҷумҳурӣ барои гузаронидани барномаи солинавӣ омодагӣ мебинанд. Ҳунарпешагони Театри давлатии «Аҳорун» ба номи Муҳаммадҷон Қосимов низ барои кӯдакон як афсонаи нав ба саҳна мегузоранд. Намоишнома аз афсонаҳои халқии рус гирифта шуда, «Гули арғувонӣ» ном дорад. Коргардон ва басаҳнагузорандаи он Некқадам Шоҳназаров буда, нақшҳои асосиро Имомхудо Амирхудоев, Сайлон Сафарова ва Ғаниҷон Олимов мебозанд. Дар назар аст, ки спектакл 20-уми декабр рӯи саҳна меояд.      Тавре ба АМИТ «Ховар» дар театр хабар доданд, гурӯҳи эҷодии «Аҳорун» нақша доранд, ки дар аввали соли 2009 боз ду нахустнамоиш ба саҳна гузоранд. Намоишномаҳои мазкур «Модарнома» ва «Писари хоин» ном дошта, аз рӯи асари нависандаи рус Максим Горкий таҳия шудаанд.  

Ноябрь 21, 2008 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд