ХАЗИНАИ ОҒОХОН ДАР МӮЪМИНОБОД «МУАССИСАИ МАДАДГОР» ТАЪСИС ДОД

Ноябрь 21, 2008 14:57

       Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфтаи раиси ноҳияи Мӯъминобод Сафаралӣ Зокиров, бо мақсади ривоҷи соҳаи боғу токпарварӣ бо дастгирии Хазинаи Оғохон дар ноҳия барои парвариши ниҳолҳои босамар гармхонаҳои ниҳолпарварӣ сохта шуд. Дар ин гармхонаҳо ниҳолҳои нодири себу нок, шафтолую зардолу, чормағзу бодом парвариш карда мешаванд. Баъди як соли сабзиш ниҳолҳоро пайванд карда, соли сеюм ба боғҳои нав мегузаронанд.       Барои бунёди боғҳои нав ва истифодаи техника тавассути ташкилоти Хазинаи Оғохон дар ноҳия «Муассисаи мададгор» таъсис дода шудааст, ки кори боғдоронро хеле сабук мекунад .       Бартарии муассисаи нав дар он аст, ки хизматрасонияш нисбат ба хизматрасонии соҳибкорони хусусӣ барои боғдорон 30-35 фоиз арзон мебошад.

Ноябрь 21, 2008 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд