ИМЗОИ СОЗИШНОМА

Ноябрь 29, 2008 12:55

                 Душанбе, 29 ноябр (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова, Покиза Маҳмадбекова). — Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва роҳбари намояндагии ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон Рудолф Шоҳ дар бораи ҷудо кардани маблағ барои даври дуюми амалӣ сохтани барномаи таъминоти об дар шаҳри Хуҷанд созишнома имзо карданд. Ҳукумати Швейтсария барои амалӣ сохтани барномаи мазкур 4,3 миллион евро ҷудо мекунад.                Даври аввали иҷрои барнома соли 2004 оғоз ёфта буд. Барномаи мазкур охири ҳамин сол пурра иҷро карда мешавад. Амалӣ сохтани барнома имкониятҳои корхонаи «Хуҷандводоканал» — ро дар бобати барқарор сохтани фаъолияти шабакаи обрасонӣ дар маҳалҳои истиқоматии соҳили рости дарёи Сир ва ҷорӣ намудани низоми андозагирии истеъмоли обро барои бештар аз 30 фоизи аҳолии шаҳр бештар намуд. Саҳми умумии Ҳукумати Швейтсария дар бобати амалӣ сохтани барномаи бо об таъмин намудани шаҳри Хуҷанд 8,74 миллион доллари ИМА — ро ташкил медиҳад.                                                                                                                                               Тарҷумон — Қудратов А.

Ноябрь 29, 2008 12:55

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад