ИНСТИТУТИ ШАРҚШИНОСӢ ХИЗМАТҲОИ АКАДЕМИК А. МИРЗОЕВ — РО ҚАДР МЕКУНАД

Ноябрь 10, 2008 13:27

Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар»,  Лутфия Эшонқулова). — 25-26-уми ноябри соли ҷорӣ Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  50-умин солгарди таъсисёбии худ ва 100- солагии  академик  Абдулғанӣ Мирзоевро ботантана ҷашн хоҳад гирифт. Бахшида ба ин санаҳо дар иститути мазкур конфронси илмӣ таҳти унвони «Академик А. Мирзоев ва инкишофи илми шарқшиносии тоҷик»  баргузор мегардад.Дар  конфронс як қатор масъалаҳои марбута, аз ҷумла саҳми академик А. Мирзоев дар рушди  соҳаҳои гуногуни улуми иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, марҳилаҳои асосии ташаккули  илми шарқшиносии тоҷик, масъалаҳои омӯзиши таърих, тамаддун ва фарҳанги кишварҳои Шарқи хориҷӣ, вазъи кунунӣ ва дурнамои инкишофи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамлакатҳои Шарқ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.Қайд кардан бамаврид аст, ки Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ  яке аз марказҳои умдаи шарқшиносӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷониби он дар бораи кишварҳои Ҳиндустон, Покистон, Афғонистону Эрон ва дигар кишварҳои Шарқ тадқиқоти амиқ бурда мешавад. Академик Абдулғанӣ Мирзоев яке аз асосгузорони мактаби шарқшиносии тоҷик буда, солҳои дароз дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, фалсафа, адабиёт ва ғайра тадқиқот бурдааст. Ҳамчунин, дар ҷамъоварии дастхатҳои қадима низ саҳми арзанда гузоштааст. 

Ноябрь 10, 2008 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд