ИНСТИТУТИ ШАРҚШИНОСӢ ХИЗМАТҲОИ АКАДЕМИК А. МИРЗОЕВРО ҚАДР МЕКУНАД

Ноябрь 25, 2008 11:50

      Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Имрӯз Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 50-умин солгарди таъсисёбии худ ва 100- солагии академик Абдулғанӣ Мирзоевро бо тантана ҷашн хоҳад гирифт. Бахшида ба ин санаҳо дар иститути мазкур таҳти унвони «Академик А. Мирзоев ва инкишофи илми шарқшиносии тоҷик» конфронси илмӣ баргузор мегардад.        Дар конфронс як қатор масъалаҳои марбута, аз ҷумла саҳми академик А. Мирзоев дар рушди соҳаҳои гуногуни улуми иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, марҳилаҳои асосии ташаккули илми шарқшиносии тоҷик, масъалаҳои омӯзиши таърих, тамаддун ва фарҳанги кишварҳои Шарқи хориҷӣ, вазъи кунунӣ ва дурнамои инкишофи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамлакатҳои Шарқ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.      Қайд кардан бамаврид аст, ки Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ яке аз марказҳои умдаи шарқшиносӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷониби он дар бораи кишварҳои Ҳиндустон, Покистон, Афғонистону Эрон ва дигар кишварҳои Шарқ тадқиқоти амиқ бурда мешавад.       Академик Абдулғанӣ Мирзоев яке аз асосгузорони мактаби шарқшиносии тоҷик буда, солҳо дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, фалсафа, адабиёт ва ғайра тадқиқот бурдааст. Ҳамчунин, дар ҷамъоварии дастхатҳои қадима низ саҳми арзанда гузоштааст.       Бояд зикр намуд, ки конфронс ду рӯз идома хоҳад ёфт.  

Ноябрь 25, 2008 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид