ИСТИҚОМАТКУНАНДАИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР БА ДАСТИ КОРМАНДОНИ ВКД АФТОД

Ноябрь 21, 2008 15:42

         Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Чехов 1/3-и пойтахт бо гумони даст доштан ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар истиқоматкунандаи минтақаи Бедаки ноҳияи Шоҳмансур   Шодибек Адҳамови 23-соларо дастгир намуданд.        Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳангоми азназаргузаронӣ аз борхалтаи Ш. Адҳамов 12 килограмму 379 грамм афюн ёфт ва мусодира гардид.         Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.

Ноябрь 21, 2008 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд