КӢ ВА БАРОИ ЧӢ АЗ «ЗАНИ САРВАТМАНД» ДАСТ КАШИД?
Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Дар Театри драмавии ба номи В. Маяковский машқҳои намоишномаи «Зани сарватманд» барқарор карда шуд. Бори аввал ин намоишнома аз рӯи песаи драматурги озарӣ Али Амирли дар ҳамин театр гузошта шуда буд. Имрӯз намоиши «Зани сарватманд» дар овезаҳои ду театр ҷой дорад. Дар Театри ҷавонон бо забони тоҷикӣ ва дар Театри драмавии ба номи Маяковский бо забони русӣ. Аммо, дар ҳамин ҳол, Театри Маяковский бо сабаби дар рухсатӣ будани актрисае, ки нақши асосиро мебозад, муваққатан аз ин намоишнома даст кашидааст.Бо вуҷуди ин, муаллифи песа — Али Амирли, ки дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон ба Душанбе омад, хоҳиши зиёд доштанашро барои тамошои намоишнома дар иҷрои ҳунармандони Театри Маяковский иброз намуд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






