КӮМАКИ ХАЙРИЯ ДАР АРАФАИ ИДИ ҚУРБОН БЕШТАР ХОҲАД ШУД
Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба андешаи сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират Ғ.Сӯфишоев, хайру эҳсон ба ятимону оилаҳои камбизоат ба анъанаҳои мардумӣ табдил ёфтааст. Ҳамасола дар арафаи иду маросимҳо ба табақаи камбизоати аҳолӣ ва ятимону бесаробонони ҷумҳурӣ ба маблағи садҳо ҳазор сомонӣ кӯмаки хайриявӣ расонида мешавад. Шумораи ташкилоту муассисаҳои хайриявӣ ва соҳибкорони саховатманд ба оилаҳои камбизоат ва мактаб – интернатҳо кӯмак мерасонанд, сол то сол меафзояд. Боиси ёдоварист, ки дар арафаи Иди Саиди Фитр ба ятимони минтақаи Рашт 187 тонна орд, 77 тонна шакар, 77 тонна биринҷ, 44 тонна равған, 44 тонна макарон танҳо аз Фонди ҷамъиятии «Хайрия» ва фонди захиравии Президент расонида шуд. Дар арафаи Иди Қурбон ин гуна кӯмакҳо зиёд хоҳад шуд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






