КАНАЛИ «ГУМБУЛОҚ» — И НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД АЗ НАВ ОБШОР МЕШАВАД

Ноябрь 19, 2008 09:39

      Душанбе, 19 ноябр (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). – 20-уми ноябри соли 2008 дар ноҳияи Файзобод маросими ифтитоҳи лоиҳаи «Барқарорсозии канали Гумбулоқ барои обёрикунии ҷамоатҳои «Бўстон» ва «Меҳробод»-и ноҳияи Файзобод» дар чаҳорчўбаи кўмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои иҷтимоии ҳаҷман хурди Ҳукумати Ҷопон баргузор мегардад. Ҳукумати Ҷопон барои амалӣ намудани лоиҳа 83,889 доллари ИМА ҷудо намудааст.       Бо амалӣ гардонидани ин лоиҳа канали «Гумбулоқ», ки дар соли 1953 сохта шуда буд, аз нав барқарор гардид. Бо мурури замон, миқдори обгузаронии канали мазкур аз 1000 литр дар як сония то ба 200-250 л/с паст шуд. Баъди анҷоми лоиҳаи мазкур ба 170 га замини ҷамоатҳои «Бўстон» ва «Меҳробод» имконияти обёрӣ пайдо шуд. Гузашта аз ин, беш аз 15 ҳазор аҳолии ин ҷамоатҳо имконияти обёрикунии заминҳои наздиҳавлигӣ ва афзоиш додани маҳсулоти кишоварзиро пайдо намуданд. Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 инҷониб дар чаҳорчӯбаи кўмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои иҷтимоии ҳаҷман хурд 215 лоиҳаи кўмакҳои башариро роҷеъ ба рушд дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 13,689,128 доллари ИМА амалӣ намудааст.       Дар ин бора аз Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. 

Ноябрь 19, 2008 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд