КАРТОШКАИ ТУХМӢ ЗАХИРА КАРДА ШУДААСТ
Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ (фермерӣ)-и катошкапарвари ҷумҳурӣ барои кишти тирамоҳи соли 2008 ва баҳори соли 2009 беш аз 38 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира карда шудааст. Бо ҷамъоварӣ шудани ҳосили тирамоҳии картошка, аксари хоҷагиҳо картошкаи тухмии аз фонди бозгашт гирифтаашонро баргардониданд. Аз 38 ҳазору 800 тонна картошкаи тухмӣ 226 тоннааш аз ҳисоби фонди бозгашт мебошад. Хунукии шадиди зимистони соли 2008 кишти картошкаи тирамоҳи соли 2007-ро нобуд сохт. Мутахассисон сард омадани зимистони соли 2009-ро низ пешгӯи кардаанд, аз ин рӯ, онҳо кишти барвақтии баҳории картошкаро тавсия мекунанд, гарчи дар баъзе хоҷагиҳои вилояти Хатлон кишти тирамоҳии картошка гузаронида шудааст. Захираи картошкаи тухмӣ баро кишти соли 2009 пурра мерасад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






