КАЗЗОФӢ: «МУСУЛМОНОНИ ИДМ, ДАР ҲИФЗИ ИСЛОМ УСТУВОР БОШЕД!»

Ноябрь 10, 2008 15:14

Душанбе, 10 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ба 60 нафар ходими динии Тоҷикистон имкон даст дод, ки аз мулоқоти судманди  роҳбари муаззами инқилоби Либия- Муаммар Ал-Казоффӣ баҳравар гарданд. Роҳбари инқилоби Ҷамоҳири  Арабии Либия Муаммар Ал- Казоффӣ бо даъвати муфтии Федератсияи Русия Равил Гайнутддин ба ин  давлат омада, дар толори меҳмонхонаи «Hotel President» (Ҳотел Президент)- и Маскав бо ходимони динии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дидору мулоқот намуд. Тибқи иттилои ноиби раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоҷиҳусайн Мӯсозода, ки дар вохӯрӣ иштирок дошт,   Муаммар Ал-Казоффӣ зимни суханронияш доир ба нақши ислом ва мавқеи мусулмонони ҷаҳон дар шароити глобализатсияи ҷаҳони муосир  ибрози назар кард. Ӯ  гуфт, ки дини мубини ислом дар ҷаҳони кунунӣ нисбати дигар динҳо эҳтирому самимияти бузург  дошта, ба  инсонҳо рӯҳияи дӯстиву рафоқат,  ҳамбастагӣ ва худшиносиро талқин менамояд. М. Каззофӣ аз  мусулмонони ИДМ даъват ба амал овард, ки дар ҳифзи арзишҳои олии дини мубини ислом устувор бошанд, то нагузоранд гурӯҳе ё халқе  ба дини ислом ва паёмбарони он иснод орад.     

Ноябрь 10, 2008 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд