КИШВАРҲОИ ИДМ МУБОРИЗАРО БАР ЗИДДИ ГАРДИШИ МАВОДИ МУХАДДИР ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

Ноябрь 3, 2008 15:27

       Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон», лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  ворид намудани илова ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз масъалаҳое буданд, ки 3 ноябр дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.              Аъзои Шӯро ҳамзамон, Созишномаи байни Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи таъсиси мубориза  бо муомилоти  ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, инчунин, дар хусуси Аҳднома оид ба минтақаи  озод аз яроқи ҳастаӣ  дар Осиёи Марказиро баррасӣ ва муҳокима намуда, роҷеъ ба онҳо пешниҳодҳои ҷолиб баён доштанд. Зикр шуд, ки ин масъалаҳо бобати тақвияти ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, рушди иқтисодиёти миллии Тоҷикистон, таҳки ми мубориза бо ҳар гуна зуҳуроти номатлуб нақши муассир мегузорад.

Ноябрь 3, 2008 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд