КИТОБХОНИ АЗ ҲАМА ХУРДСОЛИ ИМА 1 СОЛАЮ 8 МОҲА АСТ

Ноябрь 28, 2008 16:16

Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). —  Аз рӯи барномаи «Роҳбарӣ ва идораи кори китобхонаҳо» имрӯз дар Китобхонаи миллии ба номи А. Фирдавсӣ конфронс баргузор гардид. Дар он 10 мутахассиси соҳаи китобдорӣ оид ба фаъолияти китобхонаҳои Амрико ба китобдорон маълумот доданд. Бояд қайд кард, ки чанде пеш як гурӯҳ кормандони  китобхонаҳои мамлакат ба ИМА сафари сеҳафтаина доштанд. Ҳадафи сафари онҳо ошноӣ пайдо кардан бо  фаъолияти китобхонаҳои Амрико ва тарзи истифодаи технологияи нав буд. Тибқи барнома онҳо  бо мутахассисони амрикоӣ аз Донишгоҳи Небраска доир ба масоили идоранамоии  фаъолияти китобхонаҳо, тарзу усули нави пешбурди онҳо, истифодаи бамавриди технологияи нави замонавӣ дар фаъолияти китобхонаҳо, дарсҳои назариявӣ ва амалӣ гузарониданд. Ҳамчунин, онҳо аз  китобхонаи калонтарини ҷаҳон — «Конгресс», воқеъ дар шаҳри Вашингтон дидан намуданд. Китобдорон имконият пайдо карданд, ки бо хусусиятҳои хоси кори китобхонаҳои Амрико, масъалаҳои такмили захираи китоб, идоракунии китобхонаҳо, намудҳои асосии хизматрасонӣ ва масоили маблағгузорӣ шинос шаванд.Иштирокчиён зикр намуданд, ки амрикоиҳо ба китобхонӣ майлу рағбати беандоза доранд. Онҳо аз хурдсолӣ кӯдакро ба хондан ҳавасманд мегардонанд. Дар китобхонаи «Конгресс» аз ҳама муштарии хурдсол 1- солаю 8- моҳа мебошад.

Ноябрь 28, 2008 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд