КИТОБИ ХУРДТАРИН ДАР ТОҶИКИСТОН ҲАМ ҲАСТ
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Директори китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Шариф Тошев аз сафари Озарбойҷон баргашт. Вай бо даъвати мудирияти Китобхонаи миллии ин мамлакат дар маҷлиси умумии даҳуми ҳамкории ғайритиҷоратӣ иштирок намуд. Дар маҷлис проблемаҳои ташкили китобхонаи умумии электронии давлатҳои ИДМ ва маркази ягонаи китобхонашиносии давлатҳои ИДМ баррасӣ карда шуданд. Меҳмонон рӯзҳои маҷлис дар ҷамъомади бошукӯҳи бахшида ба 85 — солагии Китобхонаи миллии Озарбойҷон ба номи Мирзофатҳалӣ Охундов ширкат варзида, Осорхонаи китобҳои хурдтаринро тамошо карданд. Ба қавли Ш.Тошев дар осорхонаи мазкур 6000 нусха китобҳои хурдтарин ҷамъ оварда шудаанд. Андозаи китоби хурдтарини он 2х2 миллиметр мебошад. Китобчаи мазкур дар Ҷопон чоп шудааст. Китобчаи нахустини хурдтарини дар Русия чопшуда ҳикояҳои А.Пушкин ва М.Горкийро дар бар гирифта, ҳаҷми он 5х5 миллиметр мебошад. Шариф Тошев ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар Китобхонаи миллии ба номи А.Фирдавсӣ низ чунин китобҳо мавҷуданд. Китоби хурдтарине, ки дар китобхонаи мазкур нигоҳ дошта мешавад, китоби Қуръон буда, ҳаҷми он 1,8х1,2 сантиметр аст.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






