КИТОБИ НАВИ ДАРСӢ БАРОИ ДОНИШҶӮЁН

Ноябрь 28, 2008 14:57

         Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия  Эшонқулова). – Нашриёти «Нодир»  китоби  нави   дарсиро  бо  номи  «Назарияи  функсияҳои таҳлилӣ»  аз  чоп  баровард, ки  барои  донишҷӯён ва  аспирантҳои  мактабҳои олии  ҷумҳурӣ   пешбинӣ карда шудааст. Раиси  Кумитаи  давлатии   омори  Тоҷикистон,  академик  Мерган Шаҳбозов  ба  мухбири  АМИТ  «Ховар»  хабар  дод, ки   китоби  нав  асосҳои   назариявии функсияҳои   таҳлилиро  дар  бар  мегирад. Ду  боби  иловагии он  ба  мавзӯъҳои  баробарии  диференсиалӣ  бахшида  шудаанд. Муаллифони  китоб  раиси  Кумитаи  давлатии  омори Тоҷикистон М.Шаҳбозов ва  ректори  Донишгоҳи давлатии  Хоруғ,  профессор Г.Ҷангибеков   мебошанд.

Ноябрь 28, 2008 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ