КОНФРОНСИ БАЙНАЛХАЛҚИ БАХШИДА БА РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ МАМЛАКАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗ}
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Дар шаҳри Бишкек дар мавзӯи банақшагирии барномаҳои рушди иқтисодиёти Осиёи Марказӣ конфронси байналхалқӣ баргузор гардид. Дар он муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Асаналӣ Қадамалиев ширкат варзид. Инчунин, дар конфронс намояндагони муассисаҳои давлатию ҷамъиятии Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд. Онҳо масъалаҳои таҳияи барномаҳои гузаронидани тадбирҳои таълимиро дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2009-2010, ба роҳ андохтани муносибатҳои ҳамкорӣ ва тавсеа додани имкониятҳои ҳамкориро дар байни мамлакатҳои минтақа муҳокима намуданд. Дар ҷараёни конфронс талаботи омода сохтани кадрҳо барои соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт ба миён гузошта шуд. Аз рӯи натиҷаҳои конфронс қарори дахлдор қабул гардид.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






