КОРШИНОС АЗ НОКОМИИ ДУХТАРОН ИЗҲОРИ НИГАРОНӢ КАРД

Ноябрь 24, 2008 08:52

    Хоруғ, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додоев).- Сармутахассиси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМКБ Бек Хусравов иттилоъ дод, ки дар мактабҳои варзишии вилоят шумораи духтарон пайваста кам мешавад. Бо ҳамин сабаб солҳои охир ҷавондухтарони Бадахшон дар мусобиқоти ҷумҳуриявӣ на дар ҳамаи намудҳои варзиш ба гирифтани ҷойҳои намоён ноил мегарданд.      Дар бозиҳои якуми варзишии бонувони ҷумҳурӣ, ки соли 1999 баргузор гардида буд, бонувони ВМКБ дар ҳисоби умумидаставӣ ҷои аввалро соҳиб шуданд. Соли равон дуюмин Бозиҳои варзишии бонувони ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар он варзишгардухтарони вилоят аз намуди волейбол ҷои аввалро ишғод карданд. Ҳамзамон, дар ҳисоби умумидаставӣ ҷои чорумро ишғол намуданд.      Ба гуфтаи Бек Хусравов, яке аз сабабҳои асосии нокомии варзишгардухтарон дар мусобиқот, кам баргузор кардани мусобиқаҳои шаҳрию ноҳиявӣ мебошад. Аксарияти мусобиқаҳо танҳо дар рӯзҳои ид ва таърихӣ мегузаранд.

Ноябрь 24, 2008 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд