ЛИТСЕЙИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО ШАБАКАИ ГАРМИДИҲӢ ПУРРА ТАЪМИН НЕСТ
Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Дар Литсейи президентии шаҳри Чкалови вилояти Суғд моҳи марти соли 2008 сохтмони нотамоми иншоот аз нав оғоз шуда буд. То 1-уми ноябр корҳои иҷрогардида зиёда аз 3,1 миллион сомониро ташкил дод. Дар ҳоле, ки аз буҷети вилоят 6,0 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ дар нимсолаи дуюм 2 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилоят буда, пудратчии он ҶMM «Капиталстройсервис» аст. Айни замон дар иншоот 110 нафар сохтмончӣ кор мекунанд. То имрӯз болопӯш намудани фарши бом 90%, пардози даруни бино-90 %, пардози беруни бино-75 %, навбати аввали барқтаъминкунии бино -100 % ва қисман навбати дуюм оғоз гардидааст. Корҳои насби дастгоҳи ҳавотозакунии бино 80 % анҷом ёфта, хатҳои оби гарм ва хунук ба ҳавзҳои шиноварӣ пайваст карда шудаанд. Гузоштани тиреза ва дарҳои бинои мазкур 75 % ва панҷарабанд намудани гирду атрофи бино тахминан 90 % иҷро карда шудааст. То имрӯз масъалаи бо шабакаи гармидиҳӣ таъмин намудани иншооти мазкур ҳалли пурраи худро наёфтааст.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






